
Имрӯз дар саҳни Беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади идона бо сухани табрикии раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим оғоз гардид. Раиси шаҳр кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Норакро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо барои фаъолияти содиқона, меҳнати пурмасъулият ва саҳми арзандаашон дар ҳифзи саломатии аҳолӣ изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа рисолати ниҳоят муҳим ва масъулиятнокро ба зимма доранд. Зеро ҳифзи саломатии инсон, расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол ва собиқадори соҳаи тандурустии шаҳр мукофоти давлатию соҳавӣ ва ба як гурӯҳи дигар Сипосномаи ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, як қатор кормандони соҳа ба муносибати 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо медали ҷашнӣ ва қисми дигар бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи Бахши фарҳанги шаҳри Норак пешкаши иштирокдорон гардид.