ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ

Facebook
Telegram
WhatsApp

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30-юми июл ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил гардида, аз хизматҳои содиқона ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар самти ҳифзи ҷони шаҳрвандон, молу мулк ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор қадрдонӣ ба амал оварда мешавад.

Ба ин муносибат, 30-юми июли соли 2026 дар толори Нозироти хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин, роҳбарият ва ҳайати кормандони Нозироти хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Норак ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин ҳозиринро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва барору муваффақият дар фаъолияти хизматӣ орзу кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба савганди касбӣ, матонату ҷасорат ва омодагии ҳамешагӣ дар ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳифзи молу мулки давлатӣ ва хусусӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор, инчунин таъмини амнияти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Зикр карда шуд, ки фаъолияти ин ниҳод дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, барои хизмати содиқона, фаъолияти пурсамар, масъулияти баланд ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ба ҳайати шахсӣ изҳори сипос баён гардида, саҳми онҳо дар иҷрои вазифаҳои касбӣ баланд арзёбӣ карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли Нозироти хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Норак барои фаъолияти намунавӣ, саҳми арзанда дар таъмини бехатарии сӯхтор, интизоми намунавӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.