Бахшида ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак – Асозода Савлатмоҳ Сайфулло, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, собиқадорони соҳа, кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Норак, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону мураббиён доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъқид доштанд, ки ҳамасола ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо, арҷгузорӣ ба заҳмату кору пайкори омӯзгор диққати махсус дода мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар кори таълиму тарбия, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, як қатор омӯзгорон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва шуъбаи маорифи шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири чорабинии идона аз ҷониби ҳунармандони маҳбуби Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба хотири болидаруҳии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
