
Нимаи дуюми имрӯз, 24-уми оябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Ҳамоиш бо роҳпаймоии осоиштаи зиёда аз 4 ҳазор нафар корманди корхонаю муассисаҳои шаҳр, варзишгарон, ҷавонон, кормандони мақомотҳо, донишҷӯёну хонандагон ва намояндагони касбу кори гуногун оғоз шуд.
Ҳозирин бо шиору овезаҳои идона, барафрохтани парчами давлатӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба кӯчаҳои шаҳр баромада, меҳру муҳаббати хешро ба Парчами давлатӣ, ки рамзи бақои давлату миллат аст, изҳор карданд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш Роҳбарияти шаҳри Норак ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳрро ба ифтихори ин рӯзи хуҷаста муборакбод намуданд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ мебошад.
Гузаштагони мо давоми ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ барои мо як пора матои одӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи мардумсолорӣ таҷассум ёфтааст.
Зикр гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ аст, 30-юми августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт рӯи пояи 165-метра, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст, баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки чун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи номусу ватандорӣ Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Норак низ парафшон аст. Имрӯз он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номуси шаҳрамон буда, майдонаш ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Норак мубаддал гардидааст, ки тамоми сокинони шаҳрро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш сурудҳои ватандӯстона ва рақсу навозиши ҳунармандон пешниҳод гардид, ки хотири ҳозиринро шод кард.