
22-юми декабр соли 2025 дар филиали “Неругоҳи Норак”-и ҶСК “Барқи тоҷик” бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи тоҷик чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, директори филиали “Неругоҳи Норак”- и ҶСК “Барқи тоҷик” Шоиддинов Фазлиддин, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва кормандони неругоҳ ҳузур доштанд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори филиали “Неругоҳи Норак”- и ҶСК “Барқи тоҷик” Шоиддинов Фазлиддин оғоз шуд.
Мавсуф, аз ҷумла иброз дошт, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб мешавад.
Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода нахуст, кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ифтихори иди касбиашон табрик намуд.
Гуфта шуд, ки соҳаи энергетика мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол менамояд.
Тибқи иттилои мавҷуда, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол аз худ нашудааст.
– Боиси ифтихори мову Шумо аст, ки шаҳри Норак ба унвони баланди шаҳри энергетикҳо ёд мешавад, ки ин, албатта, бесабаб нест. Зеро дар ин шаҳри зебою нурофарини кишвар ду неругоҳи бузург-НБО “Норак” ва НБО-и “Бойғозӣ” мавҷуд аст, ки дар самти таъмини аҳолии кишвар бо барқ нақши боризу барҷаста доранд. Дар баробари ин, нақши кормандони соҳаи мазкур низ дар ин раванд бузургу барҷаста буда, садоқату матонати Шумо дар хотираҳо то дербоз боқӣ хоҳад монд,- гуфт Раиси шаҳр.
Тазаккур бояд дод, ки Пешвои миллат, Презизиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми иисолаи худ иброз доштанд, ки: дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.
Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Давоми даҳ сол ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Сипас, бархе аз кормандони НБО-и “Норак”, ки дар рушду раванақи соҳа ҳиссаи арзишманд гузоштанд, бо ифтихорномаи раиси шаҳри Норак, ҶСК “Барқи тоҷик” ва Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 1936 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабр ҳамчун Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад.