ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Facebook
Telegram
WhatsApp

Шоми 31-уми декабри соли 2025, дар майдони марказии шаҳри Норак тантанаҳои бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2026 баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим зимни суханронии табрикотии худ кулли сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодатмандӣ, рӯзгори осуда ва муваффақиятҳои навро таманно намуд.

Гуфта шуд, ки соли 2025 дар саҳифаи пурифтихори таърихи навини давлатдории тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли хотирмон ва мондагор буд, зеро дар ин сол дар кишвар як қатор биноҳои маъмурию тиҷоратӣ, мактабу кӯдакистонҳо ва иншооти дигари маишию хизматрасонӣ ифтитоҳ гардида, Тоҷикистон мизбони чорабиниҳои бузурги сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ буд.

-Боварии комил дорем, ки дар соли навин шаҳри Норак дар ҳошияи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи сокинони сарбаландаш аз ин ҳам ободу зеботар мегардад ва ба марҳилаи нави рушд қарор мегирад,-гуфт дар идома раиси шаҳр.

Дар охир барномаи фарҳангии бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри манзури сокинон гардонида шуд, ки хотири ҳозиринро шод намуд.