
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллӣ ва пешгирии падидаи бегонапарастӣ, бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, аксияи навбатии тарғиботии таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» дар боғи марказии шаҳри Норак баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории аксия эҳё ва тарғиби либоси миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ, боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ ва ҳифзи анъанаву арзишҳои миллӣ мебошад.
Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги тоҷикон аз қадим то имрӯз зебоиву нафосати худро нигоҳ доштааст. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари завқу салиқа, зебопарастӣ ва ҳунари волои мардум буда, дар худ таъриху тамаддуни ниёгони моро таҷассум мекунад.Зан ва модари тоҷик дар тӯли тамоми давру замонҳо посдори оину анъанаҳои неки миллӣ буда, бо либоси зебои миллӣ симои воқеии зани шарқӣ ва тоҷиконаро таҷассум мекунад.
Нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни ҳар як миллатро маҳз либоси миллии он миллат таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, баргузории чунин аксияҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозанд.