
16-уми ноябри соли равон дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак дар шуъбаи таваллудхонаи шаҳр чорабинии идона гузаронида шуд.
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, роҳбарият ва кормандони бахши САҲШ-и шаҳр ва ҳамчунин кормандони шӯъбаи таваллудхонаи шаҳр ва дигарон иштирок доштанд.
Ба ифтихори ин санаи мубораки таърихи яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Фарзанди ман – пайрави Пешвои ман” дар вазияти муносиб ба 14 нафар тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳри Норак, мудири бахш тақдим карда шуд. Зимни баромади худ Холзода Таҳмина Давлатманд, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак изҳор аз он дошт, ки тақдими шаҳодатномаҳои таваллуд ба тифлони навзод дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору фараҳманд мебошад.