Фаъолзанон ва волонтёрон ба ифтихори Рӯзи модар қадрдонӣ шуданд

Facebook
Telegram
WhatsApp

3-юми марти соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Норак ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар он Роҳбарияти шаҳри Норак, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Фирдавс ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.

Масъулин зимни чорабинӣ иброз доштанд, ки имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа дар мадди аввал қарор дорад.

Таъкид гардид, ки занону модарон ҳамчун неруи бузурги маънавӣ ва тарбиятгари насли наврас дар рушди давлату ҷомеа нақши калидӣ доранд. Маҳз тавассути ғамхорӣ ва сиёсати дастгирикунандаи роҳбарияти олии кишвар, имрӯз бонувон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илму фарҳанг ва идоракунӣ фаъолияти самаранок дошта, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар идома ба як қатор омӯзгорони фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ба волонтёрони фаъоли муассисаи мазкур Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр тақдим карда шуд.