
3-юми сентябри соли 2026 дар қасри фарҳанги шаҳри Норак ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор ва намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳр, фаъолон, собиқадорон ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад.
Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро интихоб намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин раванд сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дошта, барои таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор низ сокинони шаҳри Норакро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз саҳми арзандаи мардуми шаҳри Норак дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ муҳим ёдовар шуд. Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ як қатор фаъолон ва собиқадорони соҳаҳои гуногуни шаҳри Норак барои саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои наҷибу созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳким ва нигоҳ доштани дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, меҳнати софдилона баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.
Қайд гардид, ки қадрдонии шахсони фаъолу собиқадор нишони эҳтиром ба меҳнати содиқона ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа буда, барои дигарон низ ҳамчун намунаи ибрат хизмат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳар як сокини кишвар бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва идомаи корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи худро гузорад.