
5-уми декабри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» чорабинии мақсаднок баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳри Норак доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону бонувон дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҳар гуна шаклҳои хушунат равона шудааст.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила, таҳкими муносибатҳои солими иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, инчунин нақши ҷомеа дар ҳифзи ҳуқуқи занон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён иттилооти зарурӣ оид ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, имкониятҳои муроҷиат ба сохторҳои дахлдор ва хизматрасониҳои дастгирии равониву ҳуқуқӣ дарёфт намуданд.