
1-уми октябри соли 2025 дар майдони марказии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.
Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати тирамоҳӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуда буданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.
Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид.