Санаи 5 октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Норак чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии идона муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромадашон иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ва нақши он ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ таъкид намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ табрик гуфт.
Дар барномаи фарҳангӣ ҳунарнамоии санъаткорон, шеъру сурудҳои ватандӯстона ва намоишҳои саҳнавӣ ироа гардида, рӯҳияи ифтихор аз забони модарӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон баланд садо дод.
Чорабинии фарҳангӣ дар фазои идона ва бо иштироки фаъолу болидаруҳонаи сокинони шаҳр сурат гирифт.