
1-уми октябри соли 2026 дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ва гусели ҷавонони даъватшуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, падару модарони даъватшавандагон, ҷавонони даъватшуда, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар рӯзи аввали даъват нақшаи пешбинишудаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Норак 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нишондиҳандаи муҳим ва далели равшани ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии ҷавонони шаҳр дар назди Ватан мебошад.
Чорабинӣ бо суханони табрикӣ оғоз гардида, таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Модар-Ватан буда, дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.
Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод зимни суханронӣ ҷавонони даъватшавандаро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик намуда, иброз дошт, ки адои хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мояи ифтихор ва мактаби обутоби ирода, ҷавонмардӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси муҳаббат ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ рафта, вазифаи муқаддаси худро софдилона иҷро намоянд.Зимни чорабинӣ аз ҷониби масъулини мақомоти шаҳр ва намояндагони сохторҳои дахлдор доир ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва масъулияти ҳар як сарбоз дар назди Ватан андешаронӣ карда шуд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли фарҳанги шаҳр ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшида, суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърҳо ва саҳнаҳои фарҳангӣ дар васфи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷавонмардӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ гусели наваскарон бо риояи суннатҳои неки мардуми тоҷик — дуои хайр, нону намак ва дуои модар буд. Падару модарон ва наздикони даъватшавандагон фарзандони худро бо дуои нек, орзуи хизмати содиқона, сарбаландӣ ва бозгашти сиҳату саломат ба назди аҳли оила гусел намуданд.
Ҷавонони шаҳри Норак, ки имрӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, нангу номуси ҷавонмардӣ ва садоқат ба Модар-Ватан барои адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.