
23-юми июни соли 2026 муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат ва раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ба раванди сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Норак аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид масъулин оид ба ҷараёни корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи иловагӣ мебошад. Пас аз ба истифода додани иншоот имконият фароҳам мегардад, ки то 500 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити таҳсил, коҳиш додани зичии хонандагон дар синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия аҳамияти муҳим дорад.
Дар охир ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои муайяншуда ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.