ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲР

Facebook
Telegram
WhatsApp

Ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар маркази шаҳр ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид.

Дар ярмарка кишоварзон, истеҳсолкунандагон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намуданд.

Дар доираи ярмарка беш аз 70 тонна маҳсулоти ниёзи аввал ва маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, меваву сабзавот, маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор ба фурӯш гузошта шуд.

Бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат нархи аксари маҳсулоти пешниҳодшуда нисбат ба нархҳои бозор аз 20 то 30 фоиз арзонтар муқаррар гардида буд.

Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки сокинони шаҳр маҳсулоти хушсифатро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намоянд.

Раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим аз рафти ярмарка боздид намуда, бо кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон суҳбат анҷом дод.

Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда ба масъулин ҷиҳати таъмини бозори шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳ доштани нархҳои дастрас, фаровонии маҳсулот ва риояи талаботи сифат дастуру супоришҳои дахлдор дод.

Баргузории чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, бахусус 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз тадбирҳои муҳим дар самти дастгирии аҳолӣ, рушди истеҳсолоти дохилӣ, тақвияти фаъолияти кишоварзон ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.Сокинони шаҳри Норак ин иқдоми созандаву наҷибро хуш истиқбол намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуданд.