Ғолибони озмуни “Беҳтарин донандаи ҳуқуқ” муайян шуданд

Facebook
Telegram
WhatsApp

4-уми ноябри соли равон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Норак маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи ҳуқуқ» баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар асоси фармони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22-юми октябри соли 2025, №48 озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи ҳуқуқ» роҳандозӣ шуда буд.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳри Норак, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маросим муовини раиси шаҳр Маҳмадизода Хайриддин таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати Конститутсия истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар таҳким ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин озмунҳо миёни хонандагон имкон медиҳад, то ҷавонон сатҳи дониши ҳуқуқии худро баланд бардоранд, ба қонуният ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ одат кунанд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо тақвият ёбад.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.