ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Facebook
Telegram
WhatsApp

14-уми майи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни шаҳрии “Тоҷикон дар оинаи таърих” баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур тибқи фармони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2026, №19 ва амри раиси шаҳри Норак, аз 15-уми апрели соли 2026 «Дар бораи баргузор намудани озмун бахшида ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни хонандагони синфҳои 8–9 ва 10–11-и муассисаҳои таълимии шаҳр роҳандозӣ шуда буд.

Дар чорабинӣ сардори раёсати судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон, муовини раиси шаҳри Норак Фароғатзода Насиба, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мусоидат менамояд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.