ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ МИҲД-И ШАҲРИ НОРАК ВА НАМОЯНДАГОНИ АНДММКҶТ

Facebook
Telegram
WhatsApp

4-уми апрели соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафозода Н. ва Солеҳзода Ф. арзу шикояти сокинонро шуниданд.

Зимни қабул сокинони шаҳр вобаста ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, замин, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра муроҷиат намуданд. Масъулин ҳар як муроҷиатро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки чунин қабулҳо мунтазам баргузор гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими боварии мардум ба мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд.

Дар фарҷоми қабул ба масъулин супориш дода шуд, ки иҷрои муроҷиатҳои баррасишуда таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, натиҷаҳои он дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин карда шаванд.