
4-уми майи соли 2026 дар толори Нозироти андози шаҳри Норак ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни чорабинӣ раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим кормандони нозироти андозро ба муносибати Рӯзи касбиашон табрик намуда, саҳми онҳоро дар таъмини рушди иқтисодии шаҳр ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ баланд арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки фаъолияти соҳаи андоз яке аз рукнҳои асосии пешрафти иқтисод буда, аз сатҳи масъулият ва касбияти кормандон вобастагии зиёд дорад.
Таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низоми андоз дар кишвар такмил ёфта, барои фаъолияти соҳибкорон ва андозсупорандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар охир як қатор кормандони фаъол барои саҳми назаррас дар таъмини воридоти пурраи андозҳо, иҷрои саривақтии буҷет, амалисозии босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.