
Самараи зиндагии имрӯзаи мо-сокинони кишвар маҳз аз ташаббусҳои Сарвари давлати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони сохибистиқлолии сарчашма мегирад, ки яке аз он қабули қонуни миллии танзим мебошад, ки дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.
Ё худ тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «То расму ойин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Шоёни зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 8-уми июни соли 2007 қабул гардид. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории кишвари мо як низоми рушди зиндагии осоишта ва неку ахволии халк буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи навин мебошад.
Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию динӣ рў оварда, амали бениҳоят хайреро барои мардум анҷом дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд: «зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Амалӣ ва риояи Қонуни миллии танзим, на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки дар асоси қонуни мазкур Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар тамоми чомеаҳои меҳнати новобаста ба шакли моликияташон ва дар деҳаю маҳалҳо таъсис дода шуд. Фаъолияти ин комиссияҳо давоми 10 соли охир натиҷаи хубе баҳри зиндагии мардум ҷиҳати риояи расму оин ва маросими анъанаи миллӣ нишон дод. Бахши дин ва танзими ҷашну маросими шаҳри Норак дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гашт, фаъолияти хешро баҳри ба танзим даровардани ҷашну маросими миллӣ дар байни аҳолии шаҳри Норак пеш бурда истодааст.
Бинобар дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо, бахусус Қонуни милли танзим айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси Ватан мебошад.
Дар ин ҷода ташаббуси Сарвари давлат баҳри пешрафти зиндагии шоистаи мардум ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ хело зиёд аст. Маҳз заҳмату талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ин Қонуни мазкур чун бахтнома ва баракати зиндагии мардум ном гирифтааст.
Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо, саҳми босазои худро гузорем.
Маҳмадшариф УЛФАТОВ-мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак