
24-уми марти соли ҷорӣ дар маҳаллаи “Чортут”-и ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи суннатҳои наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар ин чорабинии бошукӯҳ, инчунин ҳайати расмии ҷавонон аз 15 давлати хориҷӣ роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, ки дар фестивали ҷаҳонии ҷавонон — «Navruz Youth World Festival» ҳузур доштанд, иштирок намуда, бо фарҳангу анъанаҳои миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши дастархонҳои ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва либосҳои суннатии тоҷикӣ ба маъраз тамошо гузошта шуда буд, ки таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб кард.
Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва маҳбуби кишвар ва гурӯҳҳои эҷодӣ пешкаши ҳозирин гардида, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд.
Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода меҳмононро ба шаҳри нурофарини Норак шодбош гуфта, зимни суханронӣ Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдилӣ ва пайванди халқҳо арзёбӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими равобити дӯстонаи байни ҷавонони кишварҳои гуногун аҳамияти муҳим доранд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар дигар гӯшаю канори шаҳр идома доранд.
