
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун ҳамеша раҳнамои кулли мардуми фарҳангдӯсту худшинос ва меҳандӯсти тоҷик буда, фаъолияти моро барои соли минбаъда дақиқу мушаххас кард. Имрӯз шукронаи сулҳу суботи мамлакатро менамоем, ки ҳамасола бо шунидани Паёми Пешвои муаззами миллат соли наверо истиқбол гирифта, ба сӯйи фардои дурахшони сарзаминамон ҷаҳду талош менамоем.Ба назари мо, яке аз муҳимтарин масъалае, ки зимни ироаи Паём матраҳ шуд, масъалаи нооромии сайёра, амнияту бехатарӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати кишвари мо буд, ки тамоми мардум бояд ба қадраш бирасанд.
Оре, ба қадри ободиву озодӣ ва ягонагии Тоҷикистони азиз расидан вазифа ва қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди боору номуси мамлакат мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз вазъи сиёсии ҷаҳону равандҳои нохушоянди он, ҳадафу мақсадҳои гуруҳҳои ифротӣ, ки дар талошанд суботу амниятро дар саросари дунё барҳам зананд, ишора карда, ба мардуми кишвар муроҷиат намуданд, ки: “Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.”
Ин сатрҳо ҳар кадоми моро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёру зирак бошему ба хотири фардои дурахшони сарзамини аҷдодиямон камари ҳиммат бандем.
Дар Паём Пешвои миллат ба миллати тоҷик аз ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад,мужда доданд.
Таърих баёнгари он аст, ки ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ кори саҳлу сода нест, вале Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаю дурандешона муваффақ шуданд, ки ба баҳсҳои беш аз садсолаи ду миллат хотима бахшанд.
Ин рӯйдодро метавон яке аз беҳтарин комёбиҳои Истиқлоли давлатӣ ҳисобид, ки бо заҳмату ташаббуси таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд, ки: “Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.”
Имзои ин созишнома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити печидаи масъалаҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр муҳимму саривақтӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун қадами уствор дар суботи минтақа ва рушди иҷтимоию иқтисодии тарафҳо замина гузошта, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ҷаҳон низ ҷонибдорӣ карда шуд.
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия 21 – декабри соли 2025 маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой баргузор гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой тақдим карда шуд. Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Николаевич Толстой – ҷоизаи ҷамъиятии байналмилалӣ аст, ки барои нақши мондагор дар таҳкими сулҳ, бунёди андешаҳои инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, муколамаи фарҳангҳо ва ҳалли осоиштаи низоъҳо дода мешавад.
Аз ин ҷост, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар охирҳои асри ХХ миллати тоҷик дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ва дар рӯ ба рӯ бо имтиҳони вазнини сарнавишт қарор дошта, мардум парокандаву сарсон буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳукмронӣ мекард.
Дар он солҳои вазнин садҳо нафар ҷони хешро аз даст дода, ҳазорҳо ҳамватани мо тарки диёр, тарки хонаву дар ва азизонашон карданд. Хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳар замон таҳдид мекарду миллат дар чор сӯйи дунё парешон буд.
Дар чунин солҳои вазнин ва имтиҳони сангини таърих фарзанди далеру донишманд ва худшиносу меҳанпарасти тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, чун қаҳрамони миллат бо иродаи рустамона мардуми парокандаи тоҷикро дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҷамъ карда, давлатро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд.
Роҳбари давлат дар Паём махсус аз он рӯзҳои воқеан ҳам, вазнин ишора карда, чунин таъкид намуданд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.”
Мо ин ҳидоятномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, баҳри саодатмандию хушбахтии мардум камари ҳиммат мебандем. Хулоса, набояд фаромӯш созем, ки ҳимояту пойдории сулҳу амният, истиқлолу ваҳдати мамлакат ва тамомияти арзии он масъулияти бузург дар назди ҳар як соҳибватани худогоҳу ватандӯсти ин диёри соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Идибек АЗИЗОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак