
26-уми июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш бошукӯҳ доир шуд.
Дар он роҳбарияти шаҳр, собиқадорон, фаъолон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, зиёиён, ҷавонон ва сокинони шаҳр ширкат намуданд.

Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ҳозиринро ба муносибати қабули қатъномаи СММ оид ба даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз самимона табрик намуда, иброз дошт, ки қабули ин қатънома падидаи таърихӣ ва дастоварди арзишманди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
Таъкид гардид, ки ташаббуси нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ва солгарди 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фоли неку муборак буда, бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳофар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.
Зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил дар кишвар барқарор гардида, барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз заминаи устувор фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр иброз дошт, ки тавре дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ таъкид шуд: “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”.
Иброз гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо дар фазои сулҳу субот метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат ноил гардид.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадорони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷомеа ва шахсоне, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва аҳли ҳунар хотири ҳозиринро шод намуд.