ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲР

Facebook
Telegram
WhatsApp

25-уми июни соли 2026 дар толори шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи вазъи иҷрои қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Зимни ҷаласа масъулини мақомоти дахлдор вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва ҳамкории сохторҳои марбута ҳисобот пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири ин падидаи номатлуб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, тақвияти корҳои профилактикӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдорро тақозо менамояд.

Дар фарҷом аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони мақомоти дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон, инчунин роҳандозии чорабиниҳои иловагии пешгирикунанда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.