Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Норак баргузор гардид

Facebook
Telegram
WhatsApp

13-уми октябри соли 2025 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр — Прокурори шаҳри Норак, мушовири адлия дараҷаи 1, Гулмуҳаммадзода Ҷалолиддин Саидмурод ҷаласаи навбатии шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, аъзои комиссияҳои шаҳрии фаъолияташон дар самти тозагиву ободонӣ нигаронидашуда, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои санҷиши иҷрои воқеии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷамъбасти иҷрои стратегия дар давоми соли 2024 ва 9 моҳи соли 2025 баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин мавқеи устувори Пешвои миллат дар ташаккули афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандони кишвар нақши муҳим дорад.

Дар анҷоми ҷаласа, бо мақсади таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои самараноки «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», инчунин, бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.