
10-уми январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода, муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳотам ва муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло иштирок намуданд.
Нахуст, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Маҳмадизода Хайриддин-муовини раиси шаҳри Норак оид ба ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2025 ҳисобот дод.
Тавре аз ҳисобот бармеояд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак соли 2025 тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Таъкид гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Норак бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 151,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 586,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки соли 2025 кишоварзон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи 252,9 миллион сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 19 миллиону 753 ҳазор сомонӣ ё 8,5 фоиз зиёд аст.
Дар идома муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳотам ва муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло оид ба масъалаи мазкур ибрози назар кард.
Пас аз баррасии масъалаи рӯзнома раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир изҳори бовар карда шуд, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланди шаҳри Норак баҳри дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд ва саҳми худро дар ин чорабинии муҳими миллӣ мегузоранд.