ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026

Facebook
Telegram
WhatsApp

16-уми октябри соли 2026, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки намояндаи вилояти Хатлон, раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин ва раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар нуҳ моҳи соли 2026 ҷаласа баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовин, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо, корхонаҳои сохтмонӣ, раисони ҷамоатҳо, сардорони минтақаҳои манзилӣ, директорони муассисаҳои таълимию томактабӣ, имомхатибон, раисони кӯчаю маҳалла ва васоити ахбори омма ширка карданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи якум муовини раиси шаҳри Норак Маҳмадизода Хайриддин оид ба ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2026 баромад намуд. Пас аз баррасии масъалаи рӯзнома раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.