
15-уми октябри соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифагузориҳо барои давраи ҷамбастӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо, корхонаҳои сохтмонӣ, раисони ҷамоатҳо, сардорони минтақаҳои манзилӣ, директорони муассисаҳои таълимию томактабӣ, имомхатибон, раисони кӯчаю маҳалла ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар кори маҷлиси имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло Салим иштирок намуданд.
Сипас аз рӯйи масъалаи якум Маҳмадизода Хайриддин муовини раиси шаҳри Норак баромад намуда, зимни суханронӣ оид ба ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нуҳмоҳи соли 2025 баромад намуданд. Пас аз баррасии масъалаи рӯзнома раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.