
23-юми феврали соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, собиқадорони меҳнат, сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи истиқлол, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот нақши калидӣ дорад.
Гуфта шуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз доштанд,”Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд.Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз имтиҳони садоқат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, амнияти давлат ва бехатарии мардуми Тоҷикистонро ҷавонмардона таъмин карданд”.
Зикр шуд, ки воқеан ҳам, ин иди шукӯҳманд рамзи боварии комили мардуми шарифи Тоҷикистон нисбат ба хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст, ки ҷон ба каф гирифта, рисолати муқаддас ва масъулияти пурифтихори худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Дар идома як қатор фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангии идона, иборат аз саҳнаҳои ҳарбикунонидашуда, суруду таронаҳои ватандӯстона ва намоиши ҳунару маҳорати ҷавонон ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.