5 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛАҲОИ ТУТҚАВУЛ ВА КИБИЛ МУМФАРШ КАРДА ШУД

Facebook
Telegram
WhatsApp

23-юми октябр дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 5 километр роҳҳои маҳаллаҳои Тутқавул ва Кибили ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак мумфарш карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак бо рафти корҳои ободонӣ ва натиҷаи иқдомҳои созандагии сокинону соҳибкорон шинос гардида, ба сифати иҷрои корҳои роҳсозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки мумфарш намудани роҳҳои маҳаллаҳои мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон амалӣ гардидааст.

Ин иқдом дар баробари ободонии муҳити зист, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба саҳми мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва сокинон дар татбиқи чунин ташаббусҳои созанда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ободонии роҳҳо ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Норак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст ва ҷалби имкониятҳои маҳаллӣ корҳои ободониву созандагӣ пайваста идома доранд.