МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2025
Норак

Душманону хоинони Ватан сазовори лаънати мардуманд

Тавре таҳлили ҳодисаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ТТЭ ҲНИ тӯли фаъолияти худ новобаста аз оне, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пушаймонӣ накард, балки он ҷиноятҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбаландӣ меҳисобаду пайваста ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи давлату миллат мекошт. Аз ҷумла ҷанги бемаънии солҳои 90 –ум низ бо хунрезию бесару сомонӣ, вайронкориву валангоркунӣ аз дасти наҳзатиҳо ва ҳаминҳо барин ношукрону душманони дохилӣ ибтидо гирифта буд.

Онҳо ҳақиқатро чашми дидан надоранд, дар дил буғзу адоват доранд, мухолифи роҳи ҳақиқатанд ва барои расидан бо қарорҳои нопокашон  аз ягон бадӣ рӯ намегардонад. Мисоли равшани он аз худ дарак дода

ни роҳбари бахши ТТЭ ҲНИ дар (бахши) шаҳри Норак Қурбон Манонов (Мулло Қурбон) буд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дину диёнат, роҳу нақбҳо ва амсоли инҳоро нодида мегирифт.

Бо роҳбарии ҳамин шахси фитнаангез соли 2015 парчами ташкилоти байналмиллалии террористии Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар пӯли мошингарди деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти «Дуконӣ» овехта шуд. Далели овехтани парчами давлати исломӣ собит сохт, ки ҲНИ бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқаи зич дорад.

Имрӯз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ  дар давлатҳои Аврупо худро  авлиё дониста, мардуми кишвари азизамонро ғулому, гӯё ҳуқуқҳояшон поймол шуда истода бошанд, муаррифӣ  намуда истодаанд. Кирдорҳои ваҳшиёнаи наҳзат, ки дар давоми ҷангҳои таҳмили шаҳрвандӣ ба вуқуъ омада буд, гӯё арзи вуҷуд надошта бошанд. Имрӯз бошад, писари аъзои ташкилоти байналмилали террористӣ Давлати Исломӣ Манонов Абдушукур дар ҷамъомаду конфронсҳое, ки дар давлатҳои Аврупо аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ташаккул дода мешаванд, иштирок ва баромад менамояд. Кирдорҳои ҷиноятии уву падараш содиркардаро ба инобат нагирифта Ҳукумату давлати Тоҷикистонро зери таҳқир беасос қарор медиҳад. Худро ҳимоятгари ҳуқуқҳои шаҳрванди одӣ ва одилу адолатхоҳ намоиш дода истодааст. Албатта  чунин рафтори номатлуб ақидаи ғараз доштани Манонов Абдушукурро нисбати давлати адолатхоҳи Тоҷикистон нишон медиҳад.

Бубинед, ки дар сафи ҳаракати зиддиисломи Давлати Исломии Ироқу Шом аксаран ҷавононанд. Мутаасифона дар сафи ин гуна ҷавонони роҳгумзада тоҷикон низ дучор мешаванд. Ин ҳаракати рахнаандозе дар дини мову ҷомеаи мост. Аз ин рӯ ҷавонони моро ҳушёриву зираки мебояд, то ба доми ҳар гуна қаллобони сиёсии зери парчами дини амалкунанда наафтанд. Дини мубини ислом динест, ки таҳаммулпазиру инсонпарвар аст. Афсус афроди алоҳида ба мисли Манонов Абдушукур онро чун дастгоҳи муборизаҳои сиёсии худ истифода бурдан мехоҳад. Мехоҳад ислом дар хидмати онҳо қарор дошта бошад. Шинохти ин афрод душвор аст, зеро бо шиорҳои зебои адолату ҳақиқат мақсадҳои нопоки худро рӯйпӯш мекунанд. Даъвоҳои ин хоинони миллат ва мазҳабфурӯшон аз ибтидо то интиҳо беасосаст. Онҳо худ ба манфиати тоҷикистониён чизе накардаанду намекунанд.

Ба ҷавони азиз кули мардуми Норак муроҷиат намуда, изҳор медорем, ки ба доми фиреби чунин нохалафон наафтанд. Бовари дорем, ки ин ноқобилон ба мақсадҳои ғаразноки худ, ки дар он нооромиву ноамни ва вайрониву харобиҳо нуҳуфтааст, нахоҳанд расид, зеро:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди кобил аст.