МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН

"ОМӮЗГОР БОЯД ТАРБИЯТДИДА БОШАД, ВАГАРНА КАСЕ АЗ ВАЙ ДОНИШ ВА ТАЪЛИМИ ДУРУСТ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД"
 
«Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд. Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд.
 
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳамкории падару модарон бо маориф тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни хонандагон санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода ва масъулони шуъбаи маориф, бо омӯзгорон ва устодони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
 
Дар вохурӣ муовини раиси шаҳр доир ба иҷроиши талабот ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан карда, қайд намуд, ки таъмини иҷроиши он яке аз масъалҳои мубрами рӯз дар самти тарбияи наврасон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва рушду тафаккури миллии онҳо ба ҳисоб рафта, принсипҳои асосии ин қонуни миллӣ ба инкишофи фарҳанги ҳуқуқии наврасон ва солиммандии ин табақаи ояндасози ҷомеа нигаронида шудааст.
Номбурда дар идома ҳамчунин доир ба таҳкими занҷираи ҳамкорӣ миёни мактаб ва волидайн (ҷомеа) сухан намуда, афзуд ки ин иқдоми муассир дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ дорад.
 
Таъкид шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад, аз ин лиҳоз кормандони соҳаро мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
 
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки барои омода намудани хонандагони ин боргоҳи илму маърифат пайваста дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷойгоҳи намоёнро ишғол намудан тамоми чораҳои зарури андешида шаванд.
 
Омӯзгор агар ҷавобгариро ҳис накунад, вай муаллим шуда наметавонад. Тарбиятгар бояд тарбиятдида бошад. Агар инсон тарбиятдида набошад, тамоми донишҳои дунёро дар сараш ҷо кунӣ ҳам, касе аз вай донишу таълими дуруст гирифта наметавонад. Дар охир оиди пешрафт соҳаи маориф ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ вилоятӣ, Ҷумҳурӣ, байналмиллалӣ, хусусан оид ба 4 - озмун бояд соҳиби дастовардҳои назаррас гарданд. Барои инро ноил шудан меҳнати софдилонаи ҳар як омӯзгор вобастагии калон дорад.
 
Ба роҳбарони муассисаҳои таълими супориш дода шуд,ки оиди масъалаҳои ватану ватандорӣ, терроризм, экспертизм, ифротгароӣ ва дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо доимо байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳама рӯза бурда ва низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр зери назорати қатъи гирифта шавад.