МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ИМТИЁЗ - БА ТАҲСИЛ

Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи Президентӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд.
 
Санаи 28 апрели соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони онҳо баргузор гардид.
 
Пешвои муаззами миллат ба ҷавононе, ки тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, таваҷҷуҳи махсуси худ қарор медиҳанд. Дар ҳар як вохӯрӣ бо ин ҷавонони хушбахт таъкид менамоянд: “Ман ба шумо боварӣ намуда, фарзанди худ мехонам, барои ба таҳсил фаро гирифтанатон кӯшиши худро дареғ намедорам. Шумо фақат хонед, соҳибкасб гардед ва ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоед. Барои обод кардани ҳар як ваҷаби хоки Тоҷикистон саҳм гузоред”.
 
Ҳамзамон қайд карда шуд,ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои аз худ кардани илму дониш тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст,ҳар як ҷавони бедордилро мебоист барои аз худ кардани илму дониш кӯшиш намуда барои пешравии Ватани биҳиштосои худамон саҳмгузор бошад.Имрӯз он шароите барои мардуми сарбаланди тоҷик аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаё карда шудааст,дар ягон давру замон набуд,пас вазифаи ҳар яки мо аз бар намудани илму дониш ва тинҷию амонии Ватани азизамон чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва барои пешравии он майю талош намоем.