МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

ВОХӮРИ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ХОНАНДАГОНИ МТМУИ № 24- ДЕҲАИ ДУРДАТСИ ЧАНОР

Дар санаи 3 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 24 - и деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон баргузор гардид.
 
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.
 
Хамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.