МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2025
Норак

АЁДАТИ САРБОЗОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ВА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак зери роҳбарии Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо сарбозони қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6593 Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда вохӯри ва дастархонӣ идона ороста шуд.
 
Дар ибтидо Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад.
 
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.