Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони "ҶАВОНОН УЗВИ ЯК ОИЛА"
- Нашр шуд: 10.05.2023 02:47
Дар доираи як моҳи ҷавонии нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз 6 майи соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак -Ҳакимзода Зуҳро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайнидинов Азамат, сармутахассиси бахш Ғафурзода Фирдавс доир карда шуд.
Баргузории чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон нақши муассир мегузорад.