МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ҲАР ЯК ХАЛҚУ МИЛЛАТРО БО ФАРҲАНГАШ МЕШИНОСАНД

Рӯзи 5 майи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак консерти ҳисоботии солонаи хонандагони мактаби санъати бачгонаи шаҳр баргузор гардид.
Дар консерти ҳисоботӣ муовини раиси шаҳр -Ҳакимзода Зуҳро, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон-Боймуродов Саидмурод ва падару модарони хонандагони мактаб иштирок доштанд.
 
Сараввал директори мактаби санъти бачагона Наҷмудлинова Нозигул суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияти яксолаи ин даргоҳи ҳунар ҳисобот дода, зикр намуд, ки айни замон дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр 175 нафар хонандагон дар шуъбаҳои мусиқӣ ва рассомӣ дар синфҳои рубоб, доира, аккордион, рақс, чанг, таблак, дабал, расмкашӣ, фортопияно, скрипка, овозхонӣ, ва най ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
 
Дар консерти ҳисоботӣ хонандагон барномаи рангину ҷаззобро, ки аз суруду тарона ва рақсҳои дилнишин иборат буд, пешкаши ҳозирин намуда, ҳунару маҳорати хешро нишон доданд.
 
Ҳамзамон дар консерти ҳисоботӣ маҳсули эҷрди рассомони наврас ба намоиш гузошта шуда буд.
 
Меҳмонон ба ҳунари хонандагон баҳои баланд дода, баҳри боз ҳам ба қуллаҳои баландтар расидани онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
 
Айни замон шогирдони ин даргоҳи ҳунар дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии шаҳр, озмунҳои шаҳрӣ, вилояти ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
 
Дар охири ба хонандагони фаъоли мактаби мазкур бо сипосномаҳо қадрдони карда шуданд.