МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

АЁДАТИ ОИЛАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Дар партави ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид муовини раиси шаҳри Норак бо собиқадорони меҳнат дар арафаи 78-умин солгарди Иди Ғалаба оилаҳои иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд.
 
Зимни аёдат Зуҳро Ҳакимзода-муовини раиси шаҳри Норак аз аҳволи онон пурсон гардида изҳор доштанд, ки дастгирӣ намудан ба чунин оилаҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат бахусус Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад.
 
Аёдатшудагон аз чунин ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳри осудагии кишвар даст ба дуо бардоштанд..
 
Бояд гуфт, ки аёдат намудани оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асоси нақша чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Норак идома дорад.