МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОНУ БОНУВОН ВА ДУХТАРОНИ ҶАВОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои бесобиқа, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи суннатии тоҷик нақши мондагор гузошт. Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсил бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар баробари мардон дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.
Имрӯз дастгирии занон дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз медоранд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».
 
Замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Дар ин давра механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон таҳия гардида, заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати имкониятҳои баробари мардону занон фароҳам оварда шуданд.
 
Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар ташкил шуда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.
 
Таъмини мувозинати гендерӣ дар ҳама соҳаҳо яке аз вазифаҳои асосии сиёсати гендерӣ маҳсуб меёбад Дар ин замина фаъолгардонии нақши занон дар соҳаи илм яке аз ҳадафҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро илм василаи муҳими худтатбиқнамоӣ барои занон буда, ҳамзамон, дар иҷрои нақшҳои дигари иҷтимоии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Зеро тавассути он ба тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури илмӣ метавонанд мусоидат намоянд.
 
Табиист, ки воқеаҳои сиёсие, ки солҳои 1992-1997 дар ҷумҳурӣ рух доданд, ба рушди ин соҳа монеаҳои ҷиддиро пеш оварданд. Аз ҷумла, мактабҳои миёнаро бештари устодони соҳибтаҷриба тарк карданд. Бинобар ин, нарасидани омӯзгорони соҳибкасб аз масъалаи муҳим дар ин самт гардид. Аз тарафи дигар, як қатор ҷавондухтарони минтақаҳои дурдасти кишвар бо сабабҳои объективию субъективӣ имконияти идомаи таҳсилро дар донишгоҳҳои олӣ надоштанд, ки ин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ таъсири манфӣ расонд.
 
Рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, имкон дод, то масъалаи аз таҳсил дур мондани духтарон марҳила ба марҳила ҳалли худро ёбад.
Истиқлоли давлатӣ тули ҳастии хеш симо ва сирати модари тоҷикро куллан табодул дод. Ӯ воқеан, ба як модари миллӣ табдил ёфтаву дорои симои ориёнаи пуртароват ва сирати ҳамидаи муосир мебошад; қалбаш саршор аз меҳр ва утуфат, дастонаш пури ҳунару санъат, зеҳну идрокаш офаранда, ғояву афкораш созанда, домонаш поку иффату исматаш соф ва дар забонаш нидои ростиву ҳақиқат, дар сараш чатри шарму ҳаё, иқдомаш неку пойдор дар ҳама ҷодаҳо, нақшаш арзишманд ва по ба по бо мардон дар хонаводаву дар иҷтимоъ аст. Тимсоли зебову суфтаи модари тоҷикро аҳли эҷод дар асарҳои насриву назмӣ ва тасвирии хеш офарида буданд, вале танҳо Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин тимсол бо тозагиву нобӣ такомул ёбад. Нақш ва мақоми зан-модар, ки рукни аслии ҷомеа мебошад, маҳз дар ин айём бо талошҳо ва иқдомҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиртарин ва арзишмандтарин арзёбӣ гаштааст. Дар Паёми табрикии Роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи модар соли 2020 ҷумлаҳои асаргузор нисбат ба занону модарон зикр ёфта буд: “Иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд”.
 
Арҷгузории Пешвои миллат нисбат ба занону бонувони тоҷик дар миқёси ҷаҳон беқиёс аст, маҳз бо ташаббусҳои инсонгароёнаи Сарвари мамлакат модари тоҷик дар хонаводаву ҷомеа ҷойгоҳи хосу арзишманд дорад. Ӯ дар хонавода омили тарбият, саломатии руҳу равони фарзандон ва ҳамсар аст. Манзалати ӯ дар иҷтимоъ волотару беҳтар аз ҳама давру замон маҳсуб меёбад, зеро барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии модари тоҷик аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
 
Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бонувони бошарафи моро водор менамояд, ки дар даҳаҳои охире, ки арзишҳои милливу фарҳангӣ таҳти раванди ҷаҳонишавӣ дар маърази таҳаввулот қарор гирифтааст, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар тарбия намуда, барои ташаккул ёфтани шахсияташон нақши бориз гузоранд. Инчунин, бонувонро месазад, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат баста, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва дар паҳлуи мардон барои иҷрои корҳои наҷибу ҳамида кору фаъолият намоянд.
 
ЗУҲРО ҲАКИМЗОДА-муовини раиси
шаҳри Норак