МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ФАРЗАНДОНИ ҶОНФИДОИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД!
- Нашр шуд: 10.05.2023 03:11
Имрӯз, 9 май дар майдони муҷассамаи ёдгории шаҳидони "Аскари номаълум"-и шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маориф Ҳайдарзода Садбарг, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Норак, чорабинии идона ба ифтихори 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар фазои мутантан баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар муқобили фашизм ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон, фарзандони фарзонаи миллат, падарону бобоёни шуҷоъву далерамон низ бо корнамоиҳову қаҳрамониҳои хеш ба Ватан изҳори садоқатмандӣ намуда, дар ин зафари оламгир саҳми арзишманд ва босазо гузоштаанд. Хотироти неку наҷиби онҳо, ки баҳри ҳифзи марзу бум, халқу Ватан ва ояндаи насли тоҷик ҷоннисорӣ намудаанд, ҷовидонист.
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони содиқу сарбаланди миллати тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар як нафари мо-насли оянда мебошад, ки ин омили арзишманд ба тарбияи солими насли ҷавону наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату ҷасорат ва далериву матонат мебошад.
Дар ин рӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр ва ҳайати меҳмонон дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Норак маросими гулгузорӣ сурат гирифт.