МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

Санаи 9 майи соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро бо собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Норак бахшида ба 78-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир карда шуд.
 
Дар охири чорабинии мазкур собиқадорони ҷангу меҳнат бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
 
Бояд қайд намуд, ки нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.
Хотиррасон менамоям, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд.
 
Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд.
 
Ба ин маънӣ, фаъолияти мардуми мо дар он солҳои ниҳоят вазнину душвор барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва сабақи зиндаи заҳмати софдилона мебошад.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.