ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ "ҲАМШИРАҲОИ ТИББӢ" ДАР ШАҲРИ НОРАК
- Нашр шуд: 13.05.2023 02:28
Санаи 12- май дар толори беморхонаи марказии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Зӯҳро Ҳакимзода ва мудири бахши САҲШ - и шаҳр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии"Ҳамшираҳои тиббӣ" гузаронида шуд.
Қайд карда шуд,ки дар дар беморхонаи марказии шаҳр 167 нафар ҳамшираҳои тиб ва дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 242- нафар табибон ба аҳолӣ содиқонаю софдилона хизмат расонида истодаанд.
Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин замина, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Рушд ва такомули соҳаи тиб, қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароит ва вазъият рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Барои таъмиру тармим, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар охир бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кулли ҳамишираҳои тибро ба ин рӯз табрик намуда,ба якчанд нафар табибон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуд.