АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
- Нашр шуд: 12.05.2023 07:32
Санаи 2 майи соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроия баргузор гардид.
Дар баргузории озмун ва аттестатсия сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Майрамбӣ Муродова ва аъзои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Комиссияи аттестатсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ки иборат аз 5 нафар мебошанд, иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки барои ишғоли мансаби холии маъмурии мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр 2 нафар довталаб дар озмун иштирок намуда, дар натиҷаи ба даст овардани холи гузариши муқарраргардида як нафар довталаб барои ишғоли мансаби мазкур ва довталаби дигар бо назардошти ба даст овардани баҳои баландтари холи гузариши муқарраршуда дар асоси талаботи банди 39-и Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои таъин намудан ба мансаби категорияи баробар дар асоси талаботи тахассусӣ дар мақомоти иҷроия аз ҷониби Комиссияи болозикр тавсия дода шуданд. Ҳамзамон, 5 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.