ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ЁФТ
- Нашр шуд: 15.05.2023 02:23
Санаи 12 майи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " бо иштироки муовини раиси шаҳри Зуҳро Ҳакимзода оғоз гардид. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷоди, ғанӣ гардонидани захираи луғавии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода иштирок намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҳамагонро хайру мақдам гуфт. Иброз дошт, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маориф ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Маҳз ҳамин дастгириҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, омӯзиши илму дониш рӯз ба рӯз рушд намуда, сафи иштирокдорони озмунҳо зиёд шуда истодааст. Масъулин ва ҳайати ҳакамонро зарур аст, ки дар гузаронидани онҳо ҷиддӣ бошанд ва ба ягон нуқсон роҳ надиҳанд, -афзуд муовини раиси шаҳри Норак.
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардида,зиёда аз 867 нафар толибилмони ва 46 нафар омӯзгор ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодони собиқадор интихоб гардида,баромади ҳар як довталабро тибқи талаботи Низомномаи озмун баҳогузорӣ мекунанд. Озмун чанд рӯз идома дошта, масъулини баргузории он кӯшиш мекунанд ки нисбати соли гузашта имсол натиҷаҳои беҳтарро ба даст оранд.