ВОХӮРИ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОИЛА
- Нашр шуд: 16.05.2023 02:02
12 май дар беморхонаи марказии шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила вохӯри бо кормандони соҳаи тандурустӣ таҳти унвони “Ҳамеша бо ҳам бошед” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода доир гардида, дар он масъалаҳои пешгирии парокандашавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила ва бунёди оилаи солим аз ҷониби ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт,гуфта шуд, ки бояд ҷавонон ба ҳаёти мустақилона омода бошанду баъдан оиладор шаванд ва ҳамчун оилаи солим саҳми худро дар таҳкими муҳити зебои умр – оила гузоранд.
Дар охир ба якчанд табибони фаъол,ки бо САҲШ ҳамкории хуб доранд аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр бо Сипоснома ва маблағҳои пули қадрдони карда шуд.