ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК МУҲТАРАМ АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
- Нашр шуд: 16.05.2023 02:08

Зарур ба ёдоварист, ки Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар арсаи байналхалқӣ рӯзи 15 майро Рӯзи байналмилалии оила эълон намуда, аз соли 1993 то инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба Рўзи оила табрик гуфта, саломатӣ, рӯзгори наку, хушбахтии оилавӣ ва хонаободиву сарбаландиро таманно менамоям.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад ва ҳамчунин фарзандон ҳамарўза дар ин дабистоне, ки омўзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд.
Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд.
Оиладор шудан дар ҳаёти ҳар шахс воқеаи муҳим ва фаромушнашаванда мебошад? Дар навбати худ оиладорӣ масъулияти баландро талаб менамояд.
Ҷавононро зарур аст, ки пеш аз бастани ақди никоҳ хуб андеша кунанд: чунки никоҳ на танҳо қонунан расмӣ кардани муҳаббати онҳо балки маънои дар назди қонун: давлат ва насли оянда масъул будани онҳоро низ дорад.
Хушбахтии оилавӣ бештар ба сайъу кушиши тарафайн: баланд будани шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад.
Ҳаёт чунин тақозо менамояд: ки агар никоҳ ихтиёрӣ ва озод баста шуда: ба ҳиссиёти меҳру муҳаббат: дустиву садоқат асос ёфта бошад: он гоҳ зану шавҳар метавонанд худро хушбахт шуморанд ва оилаи онҳо пойдор ва устувор хоҳад шуд.
Ҳадафи асосии мо ин аст: ки ҷавонон пеш аз ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштан бояд ҳуқуқу вазифаҳои худро донанд ва дар оянда баҳри бунёди оилаи солим ва пойдор сайъю кӯшиш намоянд.
Боиси қайд аст, ки дар шаҳр сафи оилаҳои намунавӣ хело зиёд буда, онҳо дар раванди зиндагӣ омилҳои муҳиму пандомези ҳаёт андарзҳои муҳимеро аз худ кардаву дар остонаҳои печидаи он сарбаландона ба куллаҳои баланди хушбахтӣ расидаанд, метавонанд намунаи ибрати оилаҳои ҷавон бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки: «Оилаи солим такягоҳест, ки пайваста чун хуршеди рахшанда ба ҷомеа нур пошида, манфиат мебахшад. Аз ин лиҳоз таҳкурсии асосии ҷомеа оилаи солиму созгор буда, бе мавҷудияти он ҷомеаи комил ташаккул нахоҳад ёфт».
Чуноне, мушоҳида менамоем, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ, ба фарҳанги бегона майл намудани шаҳрвандон, алалхусус занону духтарон, пошхўрии оилаҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боиси нигаронист.
Имрўзҳо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби занону бонувон дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ густариш ёфта, ҷомеаи мо ба ин қувваи бузург, ки ячейкаи асосии оила ба шумор меравад эътимод дорад.
Пешвои миллат низ дар Паёми навбатии худ вобаста ба мавқеъ ва нақши занон чунин иброз намуданд: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан - модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ў насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби масъулон бо аҳолии шаҳру деҳот суҳбату вохўриҳо баргузор гардида истодааст.
Дар фарҷоми сухан, бори дигар, Рӯзи оиларо ба ҳар яки шумо ва аҳли хонадонатон муборак гуфта, бароятон пеш аз ҳама, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту хуштолеъ бошед.