МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ОИЛА МАНБАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

«Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
 
Бахшида ба Рӯзи Оила дар толори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак бо иштироки Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ва муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро ба 10 нафар кудакони нав таваллуд ва ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаҳо ба тариқи тантанавӣ супорида шуд.
Инчунин ба 4 оилаи намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.