МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ

Терроризм як зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, ба ҷомеаи инсонӣ аз ҳар гуна офатҳои табиӣ зарари бештар расонидааст ва мерасонад. Бо таваҷҷуҳ бар ин ҷанбаи масъала, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ терроризм ва экстремизмро бо ҷиддият маҳкум карданд: “Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
 
Амалҳои даҳшатноки террористӣ ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шавқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад”.
 
Терроризм ҳамчун як зуҳуроти номатлуб аз равишҳои носолими иҷтимоӣ ва одобу ахлоқи номукаммали ҷомеа маншаъ мегирад. Табиист, ки он асолати фитрӣ(зотӣ) надорад, зеро ҳеҷ инсоне аз модар барои қатлу куштор ва харобкорӣ ба дунё намеояд. Маъмулан дар ҳар як ҷомеа илова бар меъёрҳои одилонаи ахлоқӣ тамоюлоти носолими дигаре, монанди худхоҳӣ, зиёдаталабӣ, манфиатҷўӣ ва ғайра мавҷуданд, ки дар ҷараёни муносибатҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
 
Бояд гуфт, ки чунин меъёрҳои носолими муносибат дар аксари маврид дар рафтори ҷавонони катаҷриба нисбат ба қоидаҳои матлуби ахлоқӣ короии бештар пайдо мекунад.
“Терроризм ва экстремизм имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи инсондўстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд”.
 
Бояд гуфт, ки ин зуҳуроти ногувор таърихи дерина дошта, дар ҳар замоне аз ҷониби гурўҳҳои манфиатталаб ҳамчун аслиҳа ва воситаи амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ истифода мегардад.
 
Қобили қайд аст, ки дар шароити имрўза фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ фаъол гардида, барои амалигардонии ҳадафи худ аз технологияи навини иттилоотии пешрафта истифода намуда, бо роҳи тафсири дурўғини сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи баъзе шаҳрвандони сустирода, ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳ андешаҳои тундгароиро ҷой намуда, оноро ба қатлу куштор, тезу тунд гардонидани вазъи сиёсӣ халалдор сохтани суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ташвиқ намуда истодаанд. Онҳо дар баромадҳои худ тариқи сайтҳои номбурда нисбат ба миллати тоҷик ва роҳбарияти Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез ва таҳдидовар гуфта, барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсида аҳолиро даъват менамоянд.
 
Мутаасифона таблиғоти ғаразноки ин созмону ҳаракатҳо ҳоло бештар ба қишри таҳсилкардаи ҷомеа зиёиён, табақаи имомхатибони дурўя, омўзгорону донишҷўён равона гардида, ба онҳо такя мекунанд.
 
Бояд қайд намуд, ки ашхосе, ки фирефтаи доми ин нохалафон мегарданд, дар онҳо шахшавии андеша мушоҳида гардида, ҳисси бадбини нисбати давлату миллат пайдо мегардад. Бо истифода аз дини мубини Ислом чунон мағзшўи мегарданд, ки ҳатто фикри падару модар зану фарзанди худро фаромўш мекунанд.
 
Бинобар ин ҷавононро лозим аст, ки аз таҷрибаҳои талхи таърихӣ ибрат гирифта, зеҳни худро аз ҳидоятҳову раҳнамоии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои шайтонӣ нигоҳ доранд.
Мо, тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърих бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба эъмори давлати озоду обод расидаем, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва Ватани азизи худро ба дасти нохалафон пок дорем, зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид.
 
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии навбатии худ таъкид менамояд, ки “Мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. “Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандўстӣ” ва “рушд” - ро шиори фаъолияти ҳарррўзаи худ қарор диҳем”.
 
Бо шукргузорӣ аз ин кишвари соҳибистиқлол ва ғамхориҳои падаронаи роҳбари давлат ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ бирасем ва бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротиро гирифта, онҳоро ба рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
 
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Норак-Мирзозода Зебо