МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Санаи 17- май дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,3 шаҳри Норак вохӯри бо падару модарон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи " НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД"бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода,муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр Неъматзода Илҳом ва дигар шахсони масъули соҳа баргузор гардид.
 
Дар вохӯри қайд гардид,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонид.
 
Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки он аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур санаи 2-юми августи соли 2011 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки Қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ӯҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.
 
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи қонуни мазкур барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
 
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.